НУРБАХШИ ЗИНДАГӢ ВА ТАРБИЯТГАРИ НАСЛ

276

Бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, имрӯз (18.02.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Зан – роҳбар» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори он Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, равоншинос Марям Давлатова ва муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Раҳмонзода Ҷамила иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Зан-модар дар ҷомеаи имрӯзаи мо мавқеи баланд дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори ифтихору сарбаландӣ намуд, ки модарони тоҷик барои тамаддуни ҷаҳон, чунин нобиғаҳои беназири илму адабро ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Умари Хаём, Носири Хусрав, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст. Имрӯзҳо тавассути сиёсати Давлат ва Ҳукуматамон занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъятию сиёсӣ ва иқтисодиву маънавии кишвар фаъолияти созандаву назаррас доранд”. Ин мавзӯ аз ҷумлаи масъалаҳои нишасти мазкур буд.

Зимнан дар анҷоми чорабинии мазкур иштирокчиён аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.