ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

44

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола чун анъана дар моҳи апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад, ки дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мешаванд. Конференсияи имсола бахшида ба бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (cолҳои 2025 – 2030)», «700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ» ва «115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода» доир мегардад.

Имрӯз (14.04.2025) қисмати ифтитоҳии конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. доир шуд. Зимнан муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М.  таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ, на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявю байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ аз кишвар гаштаанд.

Сипас, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ Шамсзода И.С. оид ба мавзуи “Рақамикунонии иқтисодии кишвар ва дурнамои он”, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология Саломиён М.Қ. доир ба мавзуи “Сайри маъноии калимаҳо дар чанд ғазали Ҳофизи Шерозӣ”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Назирӣ Л.Қ. оид ба мавзуи “Нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатисионӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот”, доктори илмҳои геология ва минерология, дотсенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геология Файзиев Ф.А. доир ба мавзуи “Истихроҷ ва истифодаи металҳои асил – тиллову нуқра, дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Ваҳҳобзода Р.И. дар мавзуи “Боқӣ Раҳимзода – шоири соҳибмактаб” шунида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки кори конференс дар факултетҳо ва дигар сохторҳои Донишгоҳ идома дорад.