ОҒОЗИ ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

237

Соли шашум аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Имрӯз (12.03.2024) ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур доир гардид.

Зимни кушодашавии озмун ректори Донишгоҳ, профессор, Насриддинзода Э.С. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, устоди факултети филология Ҳафиз Раҳмон дар робита ба паҳлуҳои гуногуни озмуни мазкур сухан намуд.

Зимнан гуфта шуд, ки тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ аз 3-юми январ то 26-уми феврали соли ҷорӣ озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид, ки дар он 1217 нафар довталабон аз ҳисоби донишҷӯёну магистрантон, докторантон ва устодону кормандон иштирок намуданд, ки 121 нафари онҳо ба даври якуми донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Қобили қайд аст, кидастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамасола дар озмуни мазкур дар номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ иштирок намуда, дар давраҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.