ОҒОЗИ ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

347

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид.

Зимни кушодашавии озмун муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ, профессор Сафармамадзода С.М. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ кард. Қайд гардид, ки роҳандозӣ шудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки соли сеюм аст доир мешавад, аксар истеъдодҳои ҷавонро дар самти илмҳои табиатшиносӣ муаррифӣ мекунад ва барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур Донишгоҳи миллӣ тамоми шароити зарурро муҳайё намуда, довталабон метавонанд аз озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимии донишгоҳ ба таври васе истифода намоянд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо бо иштироки 670 нафар устоду корманд, донишҷӯёну магистрантон ва докторантон баргузор гашт, ки аз ин шумора 105 нафари онҳо ба даври умумидонишгоҳӣ роҳхат ёфтанд. Умед аст, ки ғолибон ба даври ноҳивию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Рустамзода Латифабону.