ОҒОЗИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ МАҲАЛЛИИ ЗАБОНИ ЧИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

24

Дар Донишкадаи таълимию фарщангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои омӯзгорони маҳаллии забони чинӣ оғоз гардид. Ин курс бо мақсади такмили донишҳои касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омӯзишии омӯзгорони маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, бо ҳамкории Донишкадаи Конфутсӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ташкил шудааст.

Дар ин курс 28 нафар омӯзгорони забони чинӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ифтитоҳи курс директорони Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ — Имомзода М. аз ҷониби Тоҷикистон ва Сун Ҷинг аз ҷониби Чин, сардори шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ Бодомова Саодатчон, инчунин омӯзгорони фаъоли забони чинӣ ҳузур доштанд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин курсҳои такмили ихтисос ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистону Чин дар самти омӯзиши забони чинӣ дар кишвар мусоидат мекунад.