
Имрӯз, 1 майи соли 2025, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали маърифатӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Футбол – омили муҳимми таҳкими сулҳ ва таъмини саломатии аҳолӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май таҷлил мегардад, роҳандозӣ шудааст. Ташаббуси баргузории он ба президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ тааллуқ дошта, дар асоси қарори дахлдори Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегардад.
Фестивал бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими робита миёни устодону донишҷӯён ва арҷгузорӣ ба арзишҳои варзишӣ баргузор гардида, саҳнаи муфид барои ҳамгироии иҷтимоӣ ва таҳкими фарҳанги варзиш дар муҳити донишгоҳӣ мебошад.
Дар оғози фестивал намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.

Тибқи нақша дар бинои Маҷмааи варзишии Донишгоҳ гӯшаи махсуси намоиши лавозимоти футбол ташкил гардид, ки дар он таҷҳизот ва асбобҳои марбут ба таърихи футбол ва фаъолияти дастаҳои донишгоҳӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон аз онҳо боздид намуданд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби насли наврас ба варзиш, фарзандони хурдсоли устодону кормандон бо либосҳои варзишӣ дар чорабинӣ ҳузур доштанд.
Моҳвораи футбол – Фестивали маърифатӣ-тарбиявӣ дар толори Маҷмааи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни суханронӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуд. Афзуд, ки дар пайравӣ аз ин сиёсат дар Донишгоҳ дастаи “Сомон” ташкил карда шудааст, ки то ба имрӯз дастовардҳои гуногунро соҳиб гаштаанд. Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиби соҳаи варзиш озмуни донишгоҳии “Беҳтарин шеър дар васфи футбол” ва “Беҳтарин мақола дар бораи футбол” эълон гардид, ки муҳлати қабули он то 24 майи соли 2025 муқаррар шуд.
Меҳмонон, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шокирзода М. ва намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Меликов Б. доир ба нақши футбол дар таҳкими дӯстию бародарӣ ва тарбияи насли солим суханронӣ намуданд.
Дар зимн ба футболбозони дастаи “Сомон”-и Донишгоҳ Ифтихорнома аз ҷониби ректори Донишгоҳ ва меҳмонон тақдим гардид.
Баъд аз тамошои барномаи фарҳангии ансамбли “Наврӯз”-и Донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд миёни воҳидҳои сохторӣ ва факултетҳои донишгоҳ шуруъ гардид. Гуфта шуд, ки мусобиқаи футболи хурд миёни воҳидҳои сохторӣ ва факултетҳои Донишгоҳ барои дарёфти “Ҷоми Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи моҳвора (аз 01.05.2025 то 24.05.2025) мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва чорабиниҳои маърифатию варзишӣ дар доираи нақшаи тасдиқшуда дар сохторҳои гуногуни Донишгоҳ амалӣ мегарданд.