Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои илмию технологияҳои Ҷопон ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҳайат Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Илёс Ғаффорзода ва мудири кафедраи мутолиоти аврупоӣ, дотсент Акбаршоҳ Наҷмиддинов намояндагӣ доранд.
Сафари мазкур дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки бевосита аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд, мусоидат мекунад.
Дар оғози сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон боздид намуда, бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов суҳбатҳои хотирмонеро оростанд. Таърихи сафорат, фаъолият дар он ва навгониҳо дар сафорат аз ҷумлаи мавзуҳои суҳбат буданд.
Зимнан таъкид гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2-юми феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 28-уми ноябри соли 2007 ва сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми январи соли 2002 кушода шудааст.
Имрӯз дар идомаи сафар ҳайати донишгоҳ аз дафтари марказии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ(JICA) боздид намуда, бо намояндагони Департаменти Осиёи Шарқӣ ва Марказии Агентии мазкур вохӯрӣ намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва технологӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ супорида шуд.