Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ

Санаи 13.12.2019 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал – Форобӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ” бо иштироки олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷику қазоқ доир гардид.


Конфронси мазкур дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028” аз ҷониби Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон роҳандозӣ гардида, дар кори он ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028” мавриди баррасии илмӣқарор дода шуд.
Дар кори конфронс Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Баҳодур Назир, роҳбарияти Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Намояндаи доимии СММ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Властимил Самек, роҳбари Хадамоти масъалаҳои савдо ва иқтисодиёти шаҳри Алмаато Миладин Миладинов, директори генералии куллии USAID дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рабаб Шамайлеҳ, намояндаи ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато Серикжан Атанов, муовини ректори донишгоҳи Қазоқистону Германия, ноиби директори Фонди байналмилалии Арал (МФСА), олимону муҳаққиқон, коршиносони тоҷику қазоқ масъалаи мазкурро мавриди баррасии илмӣқарор доданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар чорабинии мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро Нозилшоев Ҷумъахон-сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери ташаббускор дар масъалаҳои муҳими сайёра дар арсаи байналмилалӣ шинохта гардида, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби олимону коршиносон ва Иниститутҳои илмию соҳавӣ мавриди баррасии илмӣқарор дода шуда, дар аксари кишварҳои олам аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вобаста ба ташаббусҳои мазкур барномаҳои миёнамуҳлат амаӣ карда шуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар кори конфронс сиёсати мувафаққонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра, махсусан ташаббуси наҷиби Пешвои миллат дар самти таъмини оби ошомиданӣ мавриди омӯзиши илмӣқарор дода шуда, андешаҳои коршиносони ҳарду кишвар вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ мавриди баррасии илмӣқарор дода шуд.
Боздид аз маркази илму фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар доираи баргузории конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ” ҳайати олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик аз маркази илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дидан намуданд.
Маркази илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи муносибатҳои ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода шудааст.
Дар маркази мазкур адабиёти таърихиву фарҳангӣ, осори фарҳангии миллии миллати тоҷик гирдоварӣ шуда, тоҷикони муқими шаҳри мазкур ва меҳмонону шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон пайваста аз он дидан менамоянд, ки ин барои мустаҳкам намудани робитаҳои дипломатӣ, густариши ҳакориҳои дуҷониби Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамояд.