Тартиби қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Қонун «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
2. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ тибқи квотаи ҷудошуда дар асоси фармоиши давлатӣ, инчунин, дар асоси шартнома бо донишгоҳ мувофиқи тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Шаҳрвандони хориҷие, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мебошанд, ба донишгоҳ қабул карда мешаванд. Сатҳи ихтисос, ки барои дохилшавӣ ба чунин шаклҳои таҳсил зарур аст, аз тарафи донишгоҳ тибқи талаботи мавҷудаи барномаҳои таълимӣ муайян мегардад.
4. Шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ дар асоси шартҳои зерин қабул карда мешаванд:
- мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ (дар ихтисосҳои факултети журналистика бошад, баъди гузаштан аз санҷиши маҳорат аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ);
- дар ҳудуди ҷойҳои муқарраршудаи қабул бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқи шартномаи тарафайн бо донишгоҳ барои ҳар як ҷой дар ҳудуди миқдори муайяншудаи иҷозатнома бо пардохти маблағи таҳсил тибқи риояи тартиби қабули мазкур.
5. Барои тоҷикони бурунмарзӣ (тоҷикони ақаллиятҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар тамоми ихтисосҳои донишгоҳ маблағи пардохти шартнома ба таври иловагӣ муқаррар карда шудааст.
6. Дар сурате ки шаҳрвандони хориҷӣ аз курси тайёрӣ гузашта бошанд, натиҷаи имтиҳони хатми курси тайёрии донишгоҳ ба сифати натиҷаи имтиҳони дохилшавӣ ҳисоб карда мешавад.
7. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома қабул мешаванд, бо муассисаи таълимӣ қарордод ба имзо мерасонанд, ки дар он шартҳои таҳсил, уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои тарафҳо нишон дода мешавад.
8. Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод менамоянд:
- аризаи шахсӣ (анкета оид ба қабул ба таҳсил) бо нишондоди ихтисоси интихобшуда ва шакли таҳсил;
- ҳуҷҷати аслии таҳсилот, ки ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилот баробар аст (Шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот), бо нишондоди ихтисос (дараҷа), фанҳои омӯхташуда ва натиҷаи баҳоҳо, тасдиқи тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ва ё русӣ бо тартиби муқарраргардида;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки ба курси 1 қабул мешаванд);
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти пурра ва инчунин, маълумотномаи академӣ (ва ё диплом) дар бораи таҳсилоти олии нопурра ё диплом дар бораи таҳсилоти касбии зинаҳои гуногун (барои онҳое, ки ба курсҳои болоӣ қабул мешаванд);
- дипломи бакалавр (ва ё мутахассис) ё дипломи ба ин дараҷаи ихтисос баробар (барои онҳое, ки ба магистратура қабул мешаванд);
- шаҳодатномаи намунаи муқарраршуда дар бораи бо муваффақият хатм намудани курси тайёрӣ; -маълумотномаи тиббии намунаи муқарраршуда, ки набудани бемории аломати масунияти бадан (СПИД)-ро шаҳодат медиҳад ва дар он қайди махсус гузошташуда, аз тарафи идораи расмии нигаҳдории тандурустии кишвари хориҷӣ тасдиқ шудааст;
- нусхаи шиноснома бо раводид ва қайди амалкунанда (ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан), – корти муҳоҷирӣ;
- 6 дона сурати 3х4.
9. Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот қабул карда мешаванд.
10. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.