Имрӯз ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» муайян ва ҳавасманд гардонида шуданд.
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, қоллеҷҳо, инчунин, миёни муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илм (устодону кормандон ва аспирантону докторантон) озмуни шаҳрии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардида буд. Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физикаю астраномия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории озмуни мазкур аз ҷониби сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ довталабони зиёд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дастаи Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи наминатсияҳои номбаршуда иштирок намуда, бо гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм ва 1 ҷои ифтихорӣ) сазовори ҶОЙИ АВВАЛ гардид.
Имрӯз баъд аз муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибон ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо дастаи донишгоҳ вохӯрӣ намуда, онҳоро барои дастоварди навбатияшон табрик гуфт.
Таъкид шуд, ки ғолибон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуда, дар самти корҳои илмию таълимияшон иқдомҳои тоза рӯйи даст гирифта мешавад.
ҶОЙҲОИ 1
1.Муҳибулло Қосимов – донишҷӯйи курси 4-уми факултети механикаю математика, аз рӯйи номинатсияи математика;
2.Садриддин Мирзоев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети физика, аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия;
3.Саврибегим Ёрмамадова – дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия, аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ (байни устодону кормандон ва унвонҷӯёну докторантон).
ҶОЙҲОИ 2
1.Шоҳин Исматов – донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика, аз рӯйи номинатсияи математика;
2. Фаридун Қориев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети геология, аз рӯйи номинатсияи география.
ҶОЙҲОИ 3
1. Ҳошифзода Муҳаммадҷони Диловар – донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ, аз рӯйи номинатсияи математика;
2. Саидҷони Обидҷон – донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ, аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия;
3.Амир Назарзода – донишҷӯйи курси 3-юми факултети химия, аз рӯйи номинатсияи химия.
ҶОЙИ ИФТИХОРӢ
1.Азизбек Мираҳимов – донишҷӯйи курси 3-юми факултети химия, аз рӯйи номинатсияи химия.
Ғолибият муборак!