ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

358

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Имрӯз дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид.

Кормандони ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

ҶОЙИ 2

1. Назруллозода Нодирҷон – корманди ансамбл.

ҶОЙИ 3

1. Шофиева Савсаноро – донишҷӯи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо;

2. Саидзода Муслиҳиддин – донишҷӯи факултети химия.

Ғолибони озмун бо диплому сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гардиданд.

Муборак бошад!

Синавбарова Хайрибегим.