ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ASIA HOCKEY”

246

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногуни варзишии сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегардад. Аз 26-уми феврал то 3-юми март дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалии “Asia HOCKEY” миёни мардону бонувон доир гардид, ки донишҷӯёни ДМТ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар дастаи мардони мусобиқаи байналмилалии Asia HOCKEY” муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Собиров С. ва Талбаков М. – донишҷӯи курси 4-уми факултети фалсафа иштирок намуданд ва даста сазовори ҶОЙИ ДУЮМ гардид.

Дар дастаи бонувон Хушанева Дилноза ва Назруллоева Сабрина – донишҷӯёни факултети тиббӣ, Сатторова Шаҳноза – донишҷӯи факултети журналистика, Сафарова Моҳира ва Мирҷумаева Мадина – донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик, Акбаршоева К. – донишҷӯйи факултети физика ва Тагаева Мафтуна – донишҷӯйи факултети муносибатҳои байналхалқӣ иштирок намуданд ва даста соҳиби ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

Муборак бошад!