ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

293

Бо мақсуди арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат дар байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» роҳандозӣ гардид.

Озмуни мазкур дар пояи Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, имрӯз дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 4 –уми факултети таърихи Донишгоҳ Мавлуддин Холов иштироки фаъол намуда, ғолиби ҷойи сеюм шуд. Маҳина Абдураҳмонова – донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносӣ ва Ҳалима Сафарова – донишҷӯйи факултети фалсафа барои иштироки фаъол бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ шуданд. Иштирокчиёни озмунро ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. самимона табрик намуд.