ҒОЛИБИЯТИ БОНУВОНИ ЧАВГОНБОЗИ ДОНИШГОҲ

899

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 18-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ миёни бонувон баргузор гардид. Дастаи бонувони варзишгари Донишгоҳи миллӣ бо роҳбарии сармураббӣ, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ Сунатулло Собиров дар мусобиқаи мазкур иштирок намуда, миёни дастаҳои сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаи бонувон: Фараҳноз Азизова – донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуцқшиносӣ – роҳбари гурӯҳ, Дилноза Хушаева – донишҷӯи курси 2-юми факултети биология, Мафтуна Тағоева – донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ, Рустамзода Мафтуна (курси 3) ва Шаҳноза Сафарова (курси 2) – донишҷӯёни факултети журналистика, Нигора Шерматова – донишҷӯи курси 2-юми факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, Рафоат Қувватов – донишҷӯи курси 4-уми факултети фалсафа ва Ёсуман Облаёрова – донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ талош доранд, ки дар мусобиқаҳои минбаъдаи чавгонбозӣ сазовори ҷойҳои намоён гарданд.

Муваффақият муборак бод!