ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ИЛМӢ-ЗЕҲНИИ”МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШДИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК”

299

(Суҳбати ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ғолибони озмуни илмӣ-зеҳнии «Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак» )

Солҳои охир дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои саривақтии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хосса ректори муҳтарами Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмуну олимпиада ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Санаи 15-16 майи соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» озмуни илмӣ-зеҳнии «Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, тарбияи шаҳрвандондар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти қонун, рушди тафаккури илмӣ ва тарғиби ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, ҷалби донишҷӯён ба масъали риояи ҳуқуқҳои кӯдак, дарёфт, рушд ва ҳавасманднамоии донишҷӯёни болаёқат, ташаккули тафаккури мантиқӣ ва рушди қобилияти зеҳнии донишҷӯён, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ ва шиносоии бештари донишҷӯён бо дастовардҳои навини илми ҳуқуқшиносии муосир баргузор карда шуд.

Дар озмун 12 даста аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз рӯи бахшҳои зерин рақобат намуданд:

– Рақобати даставӣ;

– Таҳияи навори видеоӣ (видеоролик) дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»;

– Навиштани эссе дар мавзуи «Мусоидат барои татбиқ накардани адолати судии ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғоне, ки кирдорҳои начандон вазнин содир намудаанд».

Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар озмуни мазкур дастаи олимпии факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти роҳбарии устоди факултет Муродзода У.У. муаррифӣ намудаанд.

1. РАҚОБАТИ ДАСТАВӢ

Дар бахши рақобатҳои даставӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо номи “Волоияти қонун” дар ҳайати зерин иштирок намуданд:

1. Шодибой Раҳимӣ – донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

2. Сафаров Меҳроб – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

3. Раҷабзода Хусрав – донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

4. Раҳмонов Абдураҳмон – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

5. Саидшозод Шукрулло – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин бахш иштирокчиён маҳорати худро аз рӯи шартҳои муаррифии даста, таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ, донистани Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, ҳалли кроссворди ҳуқуқӣ ва саволномаи тестӣ санҷиданд.

Пас аз натиҷагирии аъзои ҳакамон аз маҳорату истеъдоди иштирокчиён донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавонистанд бо гирифтани87 хол аз 100 холи имконпазир миёни 12 даста сазовори ҷойи 1 ва ғолиби мутлақи озмун дар бахши рақобҳои даставӣ гарданд.

Дар натиҷа дастаи “Волоияти қонун” сазовори ифтихорнома, медал ва мукофотпулӣ гардиданд.

2. ТАҲИЯИ НАВОРИ ВИДЕОӢ ДАР

МАВЗУИ «Ҳифзи хуқуқҳои кӯдак»

Дар бахши мазкур Қузратуллозода Шукрона – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, дар мавзуи “Зӯроварӣ нисбати кӯдакон” навори видеоӣ пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа бо гирифтани35 хол ғолиби номинатсияи”Иҷроиши визуалӣ-аниматсионӣ” гардида, бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

3. НАВИШТАНИ ЭССЕ ДАР МАВЗУИ «Мусоидат барои татбиқ накардани адолати судии ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғоне, ки кирдорҳои начандон вазнин содир намудаанд»

Дар ин бахш Ҳалимова Мадина – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ эссе бо забони русӣ дар мавзуи “Поддержка неприменения уголовного правосудия к несовершеннолетним, совершившим преступления небольшой тяжести” пешниҳод намуд. Дар ин бахш ба озмун 29 эссе пешниҳод гардида буд. Пас аз муҳокима ва баҳогузорӣ ба эссеҳои пешниҳодгардида, Ҳалимова Мадина сазовори 38 хол ва ғолиби номиннатсияи “Эссеи пурмазмун” гардида, бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

Ҳамин тавр, аз рӯи ҷамъи натиҷаҳои ба даст омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сазовори шудани 3 ҷойи ифтихорӣ, 3 ифтихорнома ва 5 медал дар миёни 12 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе сазовори зинаи якум ва ғолиби мутлақи озмуни илмӣ-зеҳнии”Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак” гардид.

Ғолибияти навбатӣ муборак бод!