ҒОЛИБИЯТИ ДИЛОВАР ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ!

43

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби идораи Патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) Унверсиадаи патентии авруосиёгӣ «Назар ба оянда» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 10 то 25 солаи давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Белорусия, Казоқистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Кирғизистон Унверсиадаи байналмилалӣ дар шакли пешниҳоди корҳои инноватсионӣ баргузор гардид.

4 нафар донишҷӯёни факултети химияи ДМТ корҳои инноватсионии худро ба Унверсиадаи мазкур пешниҳод намуданд, ки аз ин 1 нафар Бобокалонов Диловар Озарович-донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 31050101-химияи татбиқии факултет сазовори ҶОЙИ ЯКУМ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар Унверсиадаи мазкур 120 иштирокчӣ аз 8 давлат бо 53 лоиҳа инноватсионӣ иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон 10 нафар иштирок намуданд, ки танҳо 1 ҷой ва инҳам бошад ҷойи 1-умро донишҷӯи курси 4-уми факултети химия сазовор шуд.

Коллективи устодону кормандони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобокалонов Диловар Озарович ва роҳбари илмиаш дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултет Ёрмамадова Саврибегимро ба дастоварди навбатиашон табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон муваффақияту пешравиҳоро таманно доранд.

Садорати факултети химияи ДМТ