Сафарова Моҳира – донишҷӯйи курси сеюми факултети филологияи ДМТ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни ҷавонони то 23 сола барои дарёфти ҷоизаи “Клуби варзишии Парвиз Собиров” иштирок намуда, дар вазни 63 кг сазовори ҷойи дуюм гардид. Номбурда зери роҳбарии мурабии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ДМТ Собиров Сунатулло ба тамрини намуди варзиши мазкур машғул мебошад.
Ғолибият муборак!