ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ”

211

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз21 октябри соли 2024, №705 бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва”Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” ташкил ва баргузор гардид, ки дар он Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ муаррифӣ намуда, бо нишон додани маҳорати баланд сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” таҳти сарпарастии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, низом ва тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва бартарияти ҳуқуқ, рушду инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ҷомеаи маданӣ, густариши тарбияи ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ташкил ва баргузор гардид.

20 ноябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо диплом, ҷом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд:

– Забиров Шаҳриёр – донишҷӯйи соли 4, сазовори ҷойи якум;

– Саидзода Муҳаммад – донишҷӯйи соли 2, сазовори ҷойи дуюм;

– Раҷабзода Хусрав – донишҷӯйи соли 4, сазовори ҷойи3.

Дар чорабинии сатҳи баланд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод, роҳбарияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Субҳи имрӯз, ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи Конститутсия”-ро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо ин дастоварди назаррас табрик намуданд. Ҳамзамон, роҳбарияти Донишгоҳ ин дастоварди донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тӯҳфаи арзишманд дар остонаи 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар идомаи таҳсил ва ҷодаи касби пуршарафи ҳуқуқшиносӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.

Хотирнишон менамоем, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як қатор озмуну чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас нишон доданд.