ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ «ВАТАНПАРВАР»

30

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе мусобиқаи тирпаронӣ дар доираи ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ дастаҳо аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок намуданд.

Дастаи Донишгоҳи миллӣ бо роҳбаладии устодони кафедраи ҳарбии Донишгоҳ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, Дипломи дараҷаи 1-ум ва туҳфаи хотиравии Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе, инчунин, фаъолони даста бо Ифтихорномаи Кумита қадрдонӣ шуданд.

Ғолибият муборак!