
Дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ғолиби ҳашт ҷойи ифтихорӣ гардид.
ДОНИШҶӮЁНЕ, КИ ҶОЙИ АВВАЛ ВА МЕДАЛИ ТИЛЛО ГИРИФТАНД:
1.Рустамзода Умеда – донишҷӯйи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, аз фанни забони англисӣ;
2.Ниёзова Маҳинабону – донишҷӯйи курси 1-уми факултети филологияи рус, аз фанни забони русӣ;
3.Пиров Шодиҷон – донишҷӯйи курси 3-юми факултети молиявию иқтисодӣ, аз фанни назарияи иқтисодӣ;
4.Ғуломзода Ҳусейн – донишҷӯйи курси якуми факултети физика, аз фанни физика;
5.Саидзода Муҳаммадҷон – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, аз фанни ҳуқуқшиносӣ.
ДОНИШҶӮЁНЕ, КИ ҶОЙИ ДУЮМ ВА МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТААНД:
1.Сафарзода Сунатулло – донишҷӯйи курси 4-уми факултети фалсафа, аз фанни сиёсатшиносӣ;
2.Боронов Анушервон – донишҷӯйи курси 2-юми факултети химия, аз фанни химия;
3.Ғуломзода Ҳасан – донишҷӯйи курси 1-уми факултети механикаю математика, аз фанни информатика.
Илова бар ин, ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» муайян ва қадрдонӣ шуданд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳ чор ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд.
Донишҷӯён – Анушервон Боронов дар самти химия, Зикрулло Давлатов дар самти технологияи иттилоотӣ, Бежан Тоҳов дар самти географияи иқтисодӣ сазовори ҷойҳои аввал (медали тилло) ва Эҳсонҷон Ҳаитов дар самти математика сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон май миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯйи самтҳои гуногун доир гардида буд.
Дар умум, дастаи Донишгоҳи миллӣ мақоми аввалро касб кард.
Муборак бошад!