ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ ДАР ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ “ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ”

46

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврас, боло бурдани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиш, инчунин тақвияти қобилияту малакаҳои зеҳнии хонандагон озмуни ноҳиявии “Чароғи маърифат” миёни хонандагони синфҳои 2 то 4 баргузор гардид.

Дар ин чорабинии маърифатӣ дастаи Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, 24 нафар хонандаи болаёқат ғолиби озмун гардид.

Роҳбарияти Литсей пирӯзии шогирдони боистеъдодро самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи илмомӯзӣ комёбиҳои бештар таманно намуд.