ҒОЛИБОН ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

331

Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ки рӯзҳои 19-20-уми майи соли 2023 дар Литсейи касбии саноат ва кимёи шаҳри Леваканд аз рӯйи панҷ фанни таълимӣ баргузор гардид, қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар озмуни аз 32 МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон 142 нафар донишҷӯён аз рӯйи 5 фанни таълимӣ – математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ ва асосҳои демография сабқат намуданд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 5 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи 1-ум, 1 ҷойи 2-юм ва 1 ҷойи 3-юм) сазовори ҷойи аввал гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастаи ғолибони озмуни мазкурро қабул ва барои дастоварди навбатиашон самимона табрик намуд.

3 ҷойи 1-ум: аз рӯйи фанҳои математика, химия ва технологияҳои иттилоотӣ.

1 ҷойи 2-юм: аз рӯйи фанҳои географияи иқтисодӣ бо асосҳои демография.

1 ҷойи 3-юм: аз рӯйи фанни физика.