ҒОЛИБОНИ АВВАЛИН МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ

284

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май бо мақсади тарғиб намудани варзиши тирпарронӣ ва рушди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» бори аввал мусобиқаи тирпарронӣ аз силоҳи пневматикї миёни донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд. Тибқи низомномаи баргузории мусобиқаи мазкур аз ҳисоби донишҷӯёни факултетҳо дар шумори чор нафар дастаҳо ташкил гардид.

Имрӯз маълум шуд, ки дар мусобиқаи тирпарронӣ дастаи факултети химия сазовори ҷойи аввал, дастаи факултети таърих сазовори ҷойи дуюм ва дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо диплом ва Ҷоми ректори ДМТ, инчунин, роҳбарияти донишгоҳ бо Сипоснома, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Ҳ. Саидов ва мутахассиси шуъба Хоҷаев Д. бо Ифтихорномаи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар анҷом таъкид шуд, ки чунин мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар самти чолоку ҷасур ва хушёру зирак намудани насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.