Имрӯз (12.01.2024) роҳбарии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. бо роҳбарон ва донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омодагӣ мебинанд, вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ бо дастаи олимпӣ дар самти мустаҳкам намудани донишҳои илмӣ-амалӣ ва пайваста иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ тавсеаҳои судманд дода шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён-ҷавонони лаёқатманду илмдӯстро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ширкат варзидан дар озмунҳо ва олимпиадаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир дар партавидастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои неки роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳо, чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва илмӣ-эҷодӣ ширкат варзида, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи донишҷӯёни донишгоҳ пайваста дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.