ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТУ ШАШКА

91

Бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иттифоқи касабаи донишҷӯён, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва клуби варзиши Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 16 то 18-ноябр мусобиқаи кушод оид ба шоҳмот миёни донишҷӯписарон ва шашка миёни донишҷӯдухтарон (дастаҳо аз факултетҳо) доир гардид, ки имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъбаст шуд.

Аз рӯи намуди шоҳмот миёни донишҷӯписарон донишҷӯёни зерин ғолиб омаданд:

Ҷойи якум: Авзалзода Аҳмад – донишҷӯи факултети химия;

Ҷойи дуюм: Азиззода Азамат – донишҷӯи факултети тиббӣ;

Ҷойи сеюм: Саидзода Нуриоллоҳ – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ.

Аз рӯи намуди шашка миёни донишҷӯдухтарон донишҷӯёни зерин ғолиб омаданд:

Ҷойи якум: Каримова Шукрия – донишҷӯи факултети геология;

Ҷойи дуюм: Нриддинова Майдамоҳ – донишҷӯи факултети биология;

Ҷойи сеюм: Шарифзода Лола – донишҷӯи факултети физика.

Зимнан ба ғолибон медалу ифтихорнома ва мукофотпулӣ, ҳамзамон, ба иштирокчиёни фаъоли мусобиқа сипосномаи Кумитаи Иттифоқи касабаи донишҷӯён супорида шуд.

Зимни супоридани туҳфаҳо раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Самиев З., ҳозиринро барои иштироки фаъол табрик намуда, таъкид дошт, ки мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи шоҳмот ва шашка ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни донишҷӯён ва баланд бардоштани маҳорати зеҳнии шоҳмоту шашкабозон мебошад.