ҒОЛИБОНИ ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

413

Имрӯз (24.05.2023) бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи варзишӣ оид ба тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид.

Мусобиқаи мазкур бо ташабусси раёсати ДМТ ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар чорабини мазкур устодон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ҷом, дипломи дараҷаи I-II-III ва медалҳо қадрдонӣ шуданд.

ҒОЛИБОН БАЙНИ УСТОДОН:

Ҷойи аввал: омӯзгори факултети фарматсевтӣ – Арзиматов Бахтиёр.

Ҷойи дуюм: омӯзгори факултети иқтисод ва идора – Маҳкамов Фурқат.

Ҷойи сеюм: омӯзгори факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ – Бухориев Сулаймон.

ҒОЛИБОН БАЙНИ ДОНИШҶӮПИСАРОН:

Ҷойи аввал: донишҷӯи факултети таърих – Мирзозода Мавлонҷон.

Ҷойи дуюм: донишҷӯи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ -Гулов Иброҳим.

Ҷойи сеюм: донишҷӯи факултети муносибатҳои байналхалқӣ -Ҷобирзода Баҳодур.

ҒОЛИБОН БАЙНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН:

Ҷойи аввал: донишҷӯи факултети иқтисод ва идора – Ибрагимова Рухсора.

Ҷойи дуюм: донишҷӯи факултети молиявию иқтисодӣ – Содиқова Тахмина.

Ҷойи сеюм: донишҷӯи факултети химия – Холмуродзода Мадинамоҳ.

ҒОЛИБОН БАЙНИ ДАСТАҲО:

Ҷойи аввал: дастаи факултети иқтисод ва идора;

Ҷойи дуюм: дастаи факултети тиббӣ;

Ҷойи сеюм: дастаи факултети физика.

Дар хотимаи чорабинӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва шахсони масъул Сипосномаи КМТҶММ ҶТ супорида шуд.