Имрӯз (26.06.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда: ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ» дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036» баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ва дипломатӣ буда, идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарварона ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки дар шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва буҳронҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими сулҳи пойдор, рушди фарҳанги сулҳ ва тавсеаи муколамаи байналмилалӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Дар идомаи ҳамоиш ба иштирокчиён муҳтавои Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036» муаррифӣ гардида, аҳаммияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалии он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш шеърҳо дар васфи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳо қироат гардиданд.
Сипас, иштирокчиёни ҳамоиш доир ба таҷрибаи нодири сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши таърихии Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, талошҳои пайгирона ва хизматҳои мондагори Сарвари давлат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, инчунин ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ ва таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ равона шудаанд, маърӯза намуданд. Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар буда, маҳз дар фазои сулҳу оромӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ҷойгоҳи арзандаи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ таҳким бахшад ва ҳамчун давлати ташаббускор дар пешбурди масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ эътироф гардад.
Дар фарҷоми ҳамоиш ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин аҳаммияти таърихии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро бори дигар таъкид намуда, изҳор дошт, ки ин ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат боз як иқдоми арзишманд дар роҳи таҳкими сулҳи пойдор, рушди фарҳанги сулҳ ва таҳкими ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ мебошад. Таъкид гардид, ки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ вазифадоранд моҳият ва аҳаммияти ин ташаббуси байналмилалиро тавассути фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ ҳамаҷониба тарғиб намуда, дар таҳкими фарҳанги сулҳ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамоиш дар фазои баланди илмӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.








