ҒОЛИБОНИ ОЗМУН КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННАВАТСИОНӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

334

Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ ҳамасола миёни донишҷӯён, унвонҷӯён, доктарантон ва ҳайати устодону профессорон, инчунин, хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии назди донишгоҳ озмуни корҳои беҳтарини иннаватсионӣ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозор ва афзун намудани потенсиали ДМТ, инчунин, ҷалб намудани ҷавонон ба ҳалли масоили рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Имрӯз (18.01.2024) муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор  Сафармамадзода Сафармамад ғолибони озмуни мазкурро қадрдонӣ намуданд.

Ғолибони озмун миёни устодону кормандон:

  1. Сироҷиддин Раҷабов – роҳбари озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии  “Химияи глитсерин”-и Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, доктори илмҳои химия, профессор бо лоиҳаи “Роҳҳои ҷудокунии равғани донаи ангур, омӯзиши таркиби фито-химиявӣ ва хусусиятҳои биологии он” дар озмун сазовори ҷойи аввал, дипломи дараҷаи I ва мукофотпулӣ гардид.
  2.  Шуҳрат Раҷабов – дотсенти кафедраи технологияи истеҳсоли химиявӣ, факултети химия бо лоиҳаи “Тарзи ҳосилкунии кислотаи хлорид ва содаи техникӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва кислотаи сулфат” дар озмун сазовори ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи II ва мукофотпулӣ гардид.
  3. Рухшона Аловуддинзода – н.и.х., докторанти Институти илмию таҳқиқотии ДМТ бо лоиҳаи “Способ получения средства для зашиты растений от грибковых заболеваний и клещей“ дар озмун сазовори ҷойи сеюм, дипломи дараҷаи III ва мукофотпулӣ гардид.

Ғолибони озмун миёни донишҷӯён:

  1. Кабирова Маҳноза – донишҷӯи курси 4-уми факултети муносибатҳои байналмилалӣ бо лоиҳаи “Робот TNU- M1“дар озмун сазовори ҷойи аввал дониста шуда, бо дипломи дараҷаи I ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.
  2. Олег Мучкаев – донишҷӯи курси 1-уми факултети механикаю математика бо лоиҳаи “ToDo-mmf“” дар озмун сазовори ҷойи дуюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи II ва пукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.
  3. Тоиров Муҳаммад – донишҷӯи курси 4-уми факултети муносибатҳои байналмилалӣ бо лоиҳаи “Использование отходов хлопчатника (шелухи) для вырашивания грибов вёшенка. Экологическая значимость и экономическая выгода данного процесса“дар озмун сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи III ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешаванд.