ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”

176

Имрӯз (16.05.2024) дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ даври ниҳоии даъвати 23-юми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” дар соли 2024 миёни толибилмони риштаи забони чинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ширкат намуданд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз ҳамсоядавлатҳои дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо, хусусан дар самти забономӯзӣ рушд ёфта истодааст. Гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибат назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шуминзимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯзҳо дар бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон синфхонаҳои забони чинӣ кушода шудааст, ки аксарияти ин толибилмон дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ низ ба омӯзиши забони чинӣ машғул мебошанд.
Гуфта шуд, ки озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” як чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мешавад. Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 кишвари дунё ҷалб карда, барои донишҷӯён ва толибилмон як платформаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гаштааст – ва бренди машҳур дар соҳаи ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамчун “озмуни забон”, ки пули умумиҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, маъмул гаштааст.
Таъкид гардид, ки озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон яке аз барномаҳои муҳими пайвасткунандаи муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин ба шумор меравад.
Дар ҷараёни озмун 8 нафар довталабон қувваозмоӣ намуда, маҳорату истеъдоди хешро нишон доданд.
Ҳамин тавр, ҷойҳои ифтихорӣ насиби толибилмони зерин шуданд:
Ҷойи аввал ба Шаҳриёр Ҷабборов- донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҷойи дуюм ба Сардорбек Бобоҷонов – донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
Ҷойи сеюм ба Фирӯзахон Азимова – донишҷӯи курси 5-ум ва Бердалиева Фирӯза – донишҷӯи курси 2-юм аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ташвиқу тарғиби фарҳанги бойи Тоҷикистону Чин ва рушди забони чинӣ нақши назаррас гузошта истодааст.