ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН КИТОБИ ИЛМӢ, МАҚОЛАИ ИЛМӢ ВА МАҚОЛАИ ИЛМИЮ ОММАВӢ»

16

Имрӯз (11.01.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ», ки дар робита ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, муайян гардид.

Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар ва дигар намояндагони сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.

Сипас доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф дар робита ба муҳиммият ва зарурати эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 эълон гардид. Вобаста ба ин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2024, таҳти рақами АП-632 қабул гардид.

Зикр шуд, ки дар робита ба Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» ба Кумитаи тадорукот 98 мавод пешниҳод гардид. Маводи ба озмун пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ғолибон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо маблағҳои гуногун қадрдонӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки ғолибон аз рӯи се номинатсия: беҳтарин китоби илмӣ, беҳтарин мақолаи илмӣ ва беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ муайян шуданд.

БЕҲТАРИН КИТОБИ ИЛМӢ

1.Шарофзода Рустам Шароф – профессори кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқифакултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ҷойи якум;

2.Соҳибзода Муҳаммадҷон Муҳаммадалӣ – муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм;

3.Сангинзод Дониёр Шоҳмаҳмад – профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ҷойи сеюм;

4.Сангинов Комрон Шоҳмаҳмадович – корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи сеюм.

БЕҲТАРИН МАҚОЛАИ ИЛМӢ

1.ҲақназарИмомназар – ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ (ВМКБ), ҷойи якум;

2.Маҳмудов Иззатулло Тешаевич – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ҷойи дуюм;

3.Камолзода Илҳом Икром – дотсенти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ҷойи сеюм.

БЕҲТАРИН МАҚОЛАИ ИЛМИЮ ОММАВӢ

1.Ёдгори Субҳон – омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқи Муассисаи ТМУ №18 дар шаҳри Исфара, ҷойи якум;

2. Қурбонова Ширин- корманди АМИТ, ҷойи дуюм;

3.Далери Абдулло – муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, ҷойи сеюм.

Сипас бахши фарҳангии чорабинӣ, ки ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ бо сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ омода намуда буданд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки аз шумораи умумии ғолибон (10 нафар) чор нафараш устодони ДМТ мебошанд.

Ғолибият муборак!