ҒОЛИБОНИ ШОҲҶОИЗА БО ДИПЛОМИ АЪЛО ДОНИШГОҲРО ХАТМ КАРДАНД

14

Имрӯз дар маросими тантанавии супоридани дипломҳои аълочӣ ба беҳтарин донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ, ду ҷавони соҳибистеъдод ва хушзеҳни кишвар – Раъно Насриддинова (Раънои Хуршед) ва Шукронаи Тоҳирӣ иштирок доштанд.

Ин ду чеҳраи болаёқат бо ғолибият дар Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа шинохта шудаанд. Онҳо таҳсилро дар ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ дар зинаҳои бакалавр ва магистратура бо дипломи аълочӣ ба анҷом расониданд.

Раъно ва Шукрона намунаи барҷастаи ҷавонии донишандӯз, соҳибмаърифат ва заҳматкашанд, ки бо дониш ва шавқи китобдӯстӣ дар роҳи рушди илму фарҳанги миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ба ин ду ҷавони хушсалиқа дар роҳи минбаъдаи таҳсил, фаъолияти илмӣ ва хизмат ба Ватан-Модар комёбиҳои беназир орзу мекунем.