ОМӮХТАНИ ТАЪРИХ БАРОИ ШУКУФОИИ ФАРДОИ ҲАР МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ЗАРУР АСТ

438

Имрӯз (25.10.2022) бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки ДМТ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ маҳфили ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон Раҳимзода Шабнам оғоз ёфт. Мавсуф қайд кард, ки “Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров ““Тоҷикон” ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, роҳандозӣ гардидааст.”

Дар идомаи ҳамоиш устодони факултети таърихи донишгоҳ, аз ҷумла Ғуломов Тоҷиддин дар робита ба “Шоҳасари Аълома Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон”, намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ” маъруза намуда, таъкид дошт, ки таърихро хотираи инсоният меноманд ва омӯхтани он танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар миллату давлат зарур аст. Бобоҷон Ғафуров маҳз ба ҳамин хотир умри азизи худро ба таҳқиқи таърихи миллат бахшида, осори пурқиммати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба насли оянда сабақ меомӯзад. Номи неки ин абармард то абад дар хотири миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик зинда хоҳад монд. Инчунин, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ осон гардидааст, бознашр ва дастарси сокинон гардонидани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” иқдоми саривақтӣ ва ватандӯстонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Директори КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” Раҷабова Зарнигор вобаста ба таъсиси маҳфили “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” суханронӣ карда, таъкид намуд, ки маҳфили мазкур беҳтарин имконият барои омодагии ҷавонон ба озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” мебошад.

Ҳамоиш бо маъруза ва суханронии мудири бахши ҷавонони донишгоҳ Мардихудо Давлатов анҷом ёфта, дар охир саволу ҷавоб миёни иштирокчиён сурат гирифт.