ОМӮЗИШИ ФАЛСАФАИ МУОСИР

434

Имрӯз (12.03.2024) бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва садорати факултети фалсафа дар пояи кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами фалсафаи муосир: мушкилот ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир гардид. Конференсияи мазкур бо суханони ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт.

Зимнан таъкид гардид, ки сӯйистифода шудани бархурдҳои мазҳабӣ, динӣ ва миллӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ моро водор месозад, ки истиқлолияти давлатиямонро ҳифз кунем, чунки ба даст овардани истиқлолият кори саҳлу осон нест ва ҳифз намудани он аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд.

Дар кори конференсия зиёда аз 50 маърӯза пешниҳод гардид, ки дар ифтитоҳи он мавзуҳои «Шуури миллӣ ва диннӣ: таносуб ва ихтилофи онҳо», «Илми мантиқ ва вазъи кунунии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фалсафа ва нақши он дар ҳаёти инсон ва ҷомеа», «Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ташаккули тафаккури иҷтимоӣ-фалсафи ва ватандӯстии ҷавонон» аз ҷониби олимон мавриди музокира қарор гирифтанд.