ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГИ ЧИН

346

Имрӯз (8.04.2023) дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни “Омӯзиши фарҳанги Чин” баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи забономӯзӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, дарёфти истеъдодҳои нави суханвару сухандон, ошноии бештар пайдо намудани хонандагону донишҷӯён аз фарҳанги қадимаи Чин, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯст – Тоҷикистону Чин мебошад.

Зимнан таъкид шуд, ки рмӯхтани забон имконият медиҳад, ки аз бурду бохт ва вазъияти ҷаҳони имрӯза бохабар гардида, барои пешрафту тараққиёти кишвари худ саҳм гузорем. Ёдрас мешавем, ки дар донишкадаи мазкур барои беҳтар намудани сатҳи забондонии наврасону ҷавонон чунин озмунҳо зиёд баргузор мегардад, ки иштирокчиён дар самти ғанӣ гардонидани сатҳи забономӯзии худ имконияти мусоид мешуморанд.