ОМӮЗИШИ – СОЛИМИИ РАВОНӢ БАРОИ ТРЕНЕРОН ДАР ДОНИШКАДАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

14

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, инчунин баргузории омӯзишҳо (тренинг)-ро низ ба роҳ мондааст.

Дар ҳамин замина, аз 10-ум то 22-юми сентябри соли 2025, дар пояи Донишкада омӯзиш дар мавзӯии “Солимии равонӣ барои тренерон” баргузор гардид. Дар ин омӯзиш 17 нафар шунаванда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолона иштирок намуданд.

Мақсад аз омӯзиш (тренинг) баланд бардоштани маърифати равонӣ, таҳкими дониш ва малакаҳои амалӣ дар самти нигоҳдории солимии равонии тренерон, инчунин тақвияти қобилиятҳои касбии иштирокчиён мебошад. Дар ҷамъбасти омӯзиш иштирокчиёни он бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Донишкада минбаъд низ ба ташкили чунин омӯзишҳои муҳим ва муассир пайваста таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.