ОМӮЗИШИ ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР ВА ПЕШГИРӢ АЗ ОНҲО

218

Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои соли таҳсили 2023-2024 имрӯз (26.09.2023) дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни факултет хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултети фалсафаи Донишгоҳ Сафарализода Х.Қ. доир ба таҳдидҳои замони муосир суханронӣ намуданд.

Саидов Ҳ.М.- мудири шуъбаи тарбия оид ба мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки хонишҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, масъулияти шаҳрвандии онҳоро мустаҳкам менамояд.

Зимнан номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Х.Қ. оид ба таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз паҳншавии онҳо ибрози андеша намуда, нақши ҷавононро дар пешбурди сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки мақсади асосии ҳар як миллат ин ҳифзи давлати худ мебошад. Оид ба рисолати ҷавонони имрӯза чунин нуқтаи назар пешниҳод шуд, ки Ватанро нафароне ҳимоя карда метавонанд, ки дониш, савод ва фарҳанги воло доранд.

Ҳамзамон, дар хониши сиёсӣ вобаста ба нуктаҳои Паём, масъалаҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, ҳифзи Ваҳдати миллӣ сухан карда шуд.

Дар анҷом зикр карда шуд, ки хонишҳои сиёсӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону зиёиён мунтазам дар дигар факлтетҳо баргузор карда мешаванд.