ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ БОНУВОНИ РОҲБАР

116

Дар арафаи таҷлили Рӯзи модар имрӯз (05.03.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати роҳбарияти олии мамлакат доир ба дастгирии занон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти роҳбарӣ курси навбатии омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.

Курси мазкур дар асоси Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд” роҳандозӣ гардидааст.

Дар курси навбатӣ Маликзод Парвина Иноятулло – вакили МНМО ҶТ ширкат намуда, доир ба ҳадаф ва моҳияти ин тадбири омӯзишӣ андешаҳои худро баён дошт. Маликзод П. И. дар оғози машғулият изҳори умед намуд, ки шунавандагон аз омӯзишҳои ин курс аз устодон, занони роҳбар, сиёсатмадорони варзида, барои худ дониш ва аз таҷрибаи бойи эшон бардоштҳои муҳим ва зарурӣ мегиранд.

Таъкид шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳр намояд. Таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон (баномаҳои давлатӣ, конститутсия ва қонунҳо) барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зуроварӣ нисбат ба занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат менамоянд.