ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БАРОИ НАВРАСОН

229

Дар партави дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ омӯзиши забони англисӣ аз синфи 1-ум ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз Раиси шурои кураторони донишгоҳ Илҳом Ашуров, ки ҳамчун сарпараст дар литсей муаззаф гаштааст, бо хонандагони мазкур мулоқот шуда, атрофи хониши хубу аъло, иштироки сари вақт дар дарсҳо ва доштани интизоми намунавӣ ҳамсуҳбат шуданд.

Гуфта мешавад, ки хонандагони синфи 1 бо завқи зиёд пайи омӯзиши забони англисӣ мебошанд. Раванди таълиму тарбия дар гурӯҳи мазкур хуб ба роҳ монда шудааст.