Ҳадаф аз ташрифи Сафири Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок ва намояндагони Институти кореяшиносӣ ба Донишгоҳи миллӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таълимӣ буд.
Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни мулоқот бо меҳмонон дар робита ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ маълумоти мухтасар дода, ҷиҳати ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва табодули устодону донишҷӯён, ҳамзамон, ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд намуд.
Ҷониби меҳмонон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз мулоқот дар заминаи Донишгоҳи миллӣ Маркази омӯзиши забони кореягӣ ташкил кардан аст, ки Институти кореяшиносӣ омодааст дар ин самт ташаббуси бештар нишон диҳанд. Гуфта шуд, ки дар заминаи марказ ҳамкориҳои илмию таълимӣ, имкони баргузории чорабиниҳои муштарак, эҷоди барномаҳои нави таълимӣхуб ба роҳ монда мешавад.
Дар интиҳо ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузориҳо барои ташкили маркази мазкур ба мувофиқа омада, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.