ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ КОРЕЯГӢ ДАР ДМТ

416

Ҳадаф аз ташрифи декани Шуъбаи тадқиқоти Россия ва кишварҳои ИДМ-и Мактаби тадқиқотии байналмилалӣ ва минтақавии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ханкуки Ҷумҳурии Корея, ҷаноби Хонг Вансук ва ёрдамчии декан ҷаноби Пак Ён Чже ба Донишгоҳи миллӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таълимӣ буд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни мулоқот бо меҳмонон дар робита ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ маълумоти мухтасар дода, ҷиҳати ҳамкориҳои илмию таълимӣ, омӯзиши забони ҳадигар ва омода намудани мутахассисони забондон, табодули устодону донишҷӯён, ҳамзамон, ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Ҷониби меҳмонон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз мулоқот дар заминаи Донишгоҳи миллӣ Маркази омӯзиши забони кореягӣ ташкил кардан аст, ки Мактаби тадқиқотии байналмилалӣ ва минтақавии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ханкук омодааст дар ин самт ташаббуси бештар нишон диҳанд. Гуфта шуд, ки дар заминаи марказ ҳамкориҳои илмию таълимӣ, имкони баргузории чорабиниҳои муштарак, эҷоди барномаҳои нави таълимӣ хуб ба роҳ монда мешавад.

Дар интиҳо ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани шартномаҳои ҳамкорӣ барои хуб ба роҳ модани маркази зобони куриёгӣ ба мувофиқа расида, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.