ҶОННОК НАМУДАНИ РАВАНДИ ҲУҶҶАТГУЗОРӣ

348

Имрӯз (30.08.2022) ёвари ректори ДМТ Бобохонзода Р. ва мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Муминзода Н. барои ҷоннок намудани раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар донишгоҳ бо намояндагони бахши ҳуҷҷатгузорӣ вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ раванди ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо, сари вақт дида баромадани ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, назорати мунтазам ва расонидани мактубҳо ба сохторҳои берунаи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки мутасаддиён вазифадоранд дар самти ҷобаҷо гузоштани ҳуҷҷатҳо ва сари вақт расонидани онҳо ба масъулин корро бояд ҷиддӣ ба роҳ монданд.