ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии ҷумхурии Тоҷикистон соли 1996, № 3, мод.55; соли 1997, № 9, мод. 117; соли 1998, №10, мод.119; соли 2001, № 7, мод. 475; соли
2003, № 8, мод. 452)

I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон намебощанд
ва хуччате доранд, ки мансубияти онҳоро 6а шаҳрвандии давлати дигар тасдик мекунад. Мутобики Конституцияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон ба
шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.