ДМТ барои ҷалби муҳассилин ба корҳои илмӣ тадқиқоти озмуни
“Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020” – ро эълон менамояд.
Озмуни “Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020” бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию таълимӣ ва амалии хонандагони литсей, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва аспирантони ДМТ, ки хусусияти инноватсионӣ доранд, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани иқтидори ДМТ, инчунин, ҷалб намудани муҳассилини донишгоҳ ба ҳалли масоили рушди илмиву таълимӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Воҳидҳои сохтории масъул ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни мазкур факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, Парки технологӣ, Институти илмию тадқиқотӣ, литсейи ДМТ, гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҷараёни таълим ва васеъ кардани имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон” ва нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ба ҳисоб мераванд.
Ба озмун корҳои инноватсионӣ аз рӯи самтҳои зерин қабул карда мешаванд:
1) Маҳсулоти инноватсинӣ (шакл, таъиноти аслӣ, иловагӣ, функсионалӣ ва монанди инҳо)
2) Равандҳои инноватсионӣ (соддагардонии истифодабарии технологияи муосир, рушди рақобатпазирӣ, кам кардани хароҷотҳои молиявӣ ва монанди инҳо)
3) Инноватсияи иҷтимоӣ (беҳтаргардонии шароити зиндагӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди мустақилияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ ва монанди инҳо)
Иштирокчиёни озмун метавонанд аз имкониятҳои Маркази инноватсионии ДМТ истифода намуда, натиҷаи корҳои инноватсинии худро таҷриба намоянд.
Ғолибони озмун бо сертификат ва мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд:
– Барои ҷои якум – 2000 сомонӣ;
– Барои ҷои дуюм – 1500 сомонӣ;
– Барои ҷои сеюм – 1000 сомонӣ.
Корҳои инноватсионии муҳассилин (на бештар аз як кор аз ҳар як иштирокчӣ) бояд зери роҳбарии куратори лоиҳа, ки аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ вобаста шудааст иҷро карда мешавад. Куратор барои инъикоси мазмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, навоварӣ ва барасмиятдарории техникии лоиҳа масъулият доранд. Лоиҳаи донишҷӯёне, ки куратор надоранд, берун аз озмун пешниҳод карда мешаванд. Ғолибони лоиҳаҳои ғайриозмунӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдони карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳо аз рӯи талаботи низомномаи озмун ба Маркази инноватсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш.Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки Донишҷӯён (Ҷазира), Бинои таълимии 17 ошёнаи 1-ум ва ё ш.Душанбе хиёбони Рудаки 17, Бинои асосии ДМТ, ошёнаи 3 утоқи кории 63, масъул Шарипов Дурандеш Тел: +992881110031, +992770777455) то 30-уми апрели соли 2021 супоридан лозим аст.
Оғози қабули дархостҳо: аз рӯзи чопи эълон дар ҳафтаномаи «Ба қуллаҳои дониш» ва сомонаи расмии ДМТ.
Анҷоми қабули дархостҳо: 30.04.2021
Ҷамъбасти озмун: 31.05.2021
Маросими тантанавӣ (эълони қадршиносӣ гардидани ғолибон дар нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ва сомонаи расмии ДМТ дарҷ хоҳад шуд).
Образец заявки на участия в конкурсе