Озмун: КИТОБХОН

376

Ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ миёни донишҷӯён озмуни «Хонандаи беҳтарин» гузаронида мешавад. Дар озмун донишҷӯёне, ки пайвандии бештар бо китобхона доранд, иштирок намуда, аз ҷониби масъулин ҳавасманд гардонида мешаванд. Имрӯз наздик ба 50 нафар донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ аз ҷониби сардори раёсати илми донишгоҳ Р.Наботӣ ва директори китобхонаи илмии донишгоҳ Г. Алиева барои иштироки фаъол дар озмуни мазкур бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур миёни донишҷӯёни факултетҳои дигари донишгоҳ низ гузаронида мешавад.