ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

43

Санаи (12.11.2024) бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донишҷӯи ҳуқуқдон» ва «Беҳтарин мақола дар бораи маърифати ҳуқуқӣ» миёни донишҷӯён, магистрантони Донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Озмун дар як давра баргузор гардида дар он  35 нафар иштирокчиён аз ҳисоби донишҷӯён ва магистрантони тамоми факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуданд.

Натиҷаи озмун чунин муайян гардид:

1. Каримзода Муҳсин Носир – донишҷӯйи соли 4-уми ихтисоси 24010200-и факултети ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Конститутсия» сазовори ҷойи 1-ум ва дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ҳавасманд ва бо ифтихорномаи Донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.

 2. Бобоева Мунира Аскархоновна – донишҷӯйи соли 4-уми ихтисоси 24010200-и факултети ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Конститутсия» сазовори ҷойи 2-юм ва дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ҳавасманд ва бо ифтихорномаи Донишгоҳ сарфароз гардонид шуд.

3. Раҳмонов Абдураҳмон Акбархонович – донишҷӯйи соли 3-юми ихтисоси 24010200-и факултети ҳуқуқшиносӣ, аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Конститутсия» сазовори ҷойи 3-юм ва дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ҳавасманд ва бо ифтихорномаи Донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.

4. Алишерзода Робия Алишер – донишҷӯйи соли 1-уми ихтисоси 31010102-и факултети биология аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Конститутсия сазовори ҷойи 3-юм ва дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ҳавасманд ва бо ифтихорномаи Донишгоҳ  сарфароз гардонида шуд.

Ҳамзамон донишҷӯёне, ки дар озмуни умумидонишгоҳи иштироки  фаъол доштанд аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ҷалби бештари донишҷӯён ба дарки моҳияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани беҳтарин донандагони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти донишҳои ҳуқуқии ҷавонон, дарёфт ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманд буд.