Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои мудири кафедраҳои тахассусии зерини факултети тиббӣ озмун эълон менамояд:
1) Мудири кафедраи анатомияи одам;
2) Мудири кафедраи эпидемиология ва беморияҳои сироятӣ;
3) Мудири кафедраи терапия.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири кафедра чунин мебошад:
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– доштани дараҷа ва унвони илмӣ (ба докторони илм афзалият дода мешавад);
– собиқаи корӣ на камтар аз 5 соли фаъолияти омӯзгорӣ ва ё тиббӣ;
– донистани забонҳои хориҷӣ;
– маҳорати кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва тиббӣ.
Хоҳишмандон ҳуҷҷатҳои зеринро то 15-уми сентябри соли 2025 ба раёсати таълими Донишгоҳ пешниҳод карда метавонанд:
1) ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
2) барномаи довталаб оид ба ишғоли вазифаи мудири кафедра;
3) рӯйхати тасдиқшудаи корҳои илмӣ-методӣ;
4) варақаи шахсӣ;
5) нусхаи дипломҳои дараҷаю унвони илмӣ;
6) тавсифнома ва ҳолнома.
Нишонӣ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳуҷраи 5, Тел.: 221-90-04, (992) 905-11-28-24.