• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 13
Хонандаи синфи 10-и Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ Абдураҳмонов Идибек Саидмудинович дар олимпиадаи байналмилалии “Teeneagle Global Finals”, ки дар Малайзия баргузор гардид ва сатҳи забондонии иштирокчиён санҷида шуд, ширкат варзида, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна сазовори ҷойи Ифтихорӣ гардид. Муборак бошад!
Бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз (29.02.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили “Дурахшандагони мактаби Пешво” таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон...
Нимаи дуюми имрӯз (28. 02. 2024) ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа муҳимтарин масъалаҳои рушди ҳаёти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ба вазъи иҷрои «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ...
Имрӯз (24.02.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо устодону кормандоне, ки ба корҳои илмӣ машғуланд, вохӯрӣ намуд. Дар нишаст масъалаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла бахши илм ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зиман гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур баланд...
Имрӯз (22.02.2024) бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, роҳбарияти донишгоҳ ва афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбӣ дар толори калони донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. афсарону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии...
Имрӯз (21.02.2024) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол Ҳамоиши ҷавонону варзишгарон ва сокинони пойтахт баргузор гардид. Дар ин чорабинии пуршукӯҳ дар баробари намояндагони сохторҳои гуногуни кишвар ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи милли Тоҷикистон,...
Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ миёни мардон донишҷӯи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Икромзода Баракатулло дар вазни71 кг сазовори ҷойи 2- юм ва донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Ғаниев Мусохон дар вазни86 кг соҳиби ҷойи 3-юм гардиданд.
Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ чун анъана бо мақсади расонидани талабот ва низомномаи таҳсил ба самъи шунавандагони донишкада ва волидайни онҳо ҷаласаи кориро барои нимсолаи баҳории соли 2024 баргузор намуд. Ҷаласа бо иштироки директорони донишкада аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ва аз ҷониби Чин Лю Ҷианвей, ҳамаи омӯзгорон, шунавандагони гурӯҳҳои нав ва қаблӣ, ҳамчунин, волидайни онҳо...
Дирӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини ҷудо ва бозиҳои шашкаву шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини ҷудо донишҷӯи курси 2- юми факултети ҳуқуқшиносӣ Ғаниев Мусохон дар вазни 90 кг ва донишҷӯи курси 3- юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Икромзода Баракатулло дар вазни 73 кг...
Устодони донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд... Имрӯз (15.02.2024) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. бо устодоне, ки дар 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон иштирок намуданд, вохӯрӣ намуд. Устодони донишгоҳ зимни иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ бо 1 Ҷоизаи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WOIS), 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, ки дар умум...

Эълонҳо