• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 24
Ҳукумати кишвар бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва бо ибтикороти созандаашонро доимо дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд Эмомалӣ Раҳмон Имрӯз (7.12.2023)...
Имрӯз (06.12.2023) намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ аз донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Зимни боздид масъулин ба намояндагони ДМТ иттилоъ доданд, ки Донишгоҳи омӯзгории Синзян яке аз муассисаҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад....
Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ бо толибилмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Синзян таҳсил доранд, мулоқот намуд. Дар мулоқот ректори донишгоҳ ҷиҳати хуб таҳсил намудани ҷавонон ва бо интизоми намунавию хониши аъло...
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Чин хуб ба роҳ монда шудааст. Баргузории ҳамоишу нишастҳои илмӣ аз ҷумлаи онҳост, ки дар сатҳи гуногун роҳандозӣ мешаванд. Дар доираи ин ҳамкориҳо Конференсия байналмилалии забони чинӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нақша гирифта шуд, ки зимни он...
(Дар ҳошияи баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 05.12.2023, шаҳри Душанбе) Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд. Иқтидори зеҳнӣ, яъне интеллектуалӣ ва маънавию ахлоқӣ қаноте ҳастанд, ки ҷомеаро зина ба зина ва марҳила ба марҳила пеш мебаранд. Эмомалӣ Раҳмон
Моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти илмии «Scientific academy- development & Science & Education» дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон байни муҳаққиқони ҷавони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмуни «Тадқиқотчии фаъол: низоми муосири таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар соҳаи маориф» баргузор гардид.
Имрӯз (04.12.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва ғалабаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони ““Тоҷикон” – шиносномаи миллат” ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои илмию фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумала намояндагони АМИТ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ,...
Имрӯз бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. раёсати Донишгоҳи миллӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Тамошои кормандони донишгоҳ, аз ҷумла кормандони бахши таълиму тарбия аз толоре, ки дар ошёнаи якум буд, оғоз ёфт. Баъдан аз толорҳои олами ҳайвоноту наботот ва мамнӯъгоҳҳо, толори бозёфтҳои таърихии замонҳои гуногун, ичунин,...
Яке за самтҳои фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ-ро баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандону мутахассисони дигар соҳаҳо низ ташкил медиҳад. Дар доираи нақшаи корӣ ва шартномаҳои ҳамкорӣ дар заминаи донишкада курси такмили ихтисоси тахассусии «Педагогика ва психологияи ҳарбӣ» аз санаи 30.10.2023 то 01.12.2023 баргузор гардид, ки дар он кормандони Сарраёсати...
Аз 15 сентябр то 30 октябри соли 2023 Интернет-олимпиадаи IV байналмилалии донишҷӯён зери унвони «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Институти байналмилалии мониторинги рушди демократӣ (IMRD IPA CIS) ва Академияи давлатии ҳуқуқии Саратов ташкил карда шуда буд. Дар олимпиадаи мазкур 2476 донишҷӯ аз 172 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун...

Эълонҳо