• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 27
Баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ яке аз самтҳои фаъолияти ДТИОМТОК назди ДМТ маҳсуб меёбад. Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни донишкада ва муассисаҳои таҳсилоти миёна олии касбии вилояти Суғд дар пояи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон курси тахмили ихтисоси тахассусӣ аз фанни “ҳуқуқшиносӣ”...
Таҳти ин унвон дар толори бинои асосии ДМТ вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии донишгоҳ доир гардид. Судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе: Сафозода А.Г., Шарифзода С.Ш., А.Искандарзод ва Кенҷазода О. иштирок ва суханронӣ доштанд. Зимни вохӯрӣ меҳмонон оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа,...
Дар доираи ҳамакориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон боФаронса намояндаи дипломатӣ дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Фаронса, атташеи минтақавии ҳамкориҳои соҳаи маориф дар Осиёи Миёна Серж Беллинӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. вохӯрӣ намуд.
Таҳти чунин унвон имрӯз (17.11.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи нақшаи амалигардии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» дар солҳои 2023-2025» доир гардида, дар он Суман Раҳмон –...
Мукофотпулӣ то 35 ҳазор сомонӣ... Имрӯз (17.11.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории чорабинии тантанавӣ дастаи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта шуд. Қаблан ғолибон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.
Рӯзҳои 14-17 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумкулӣ Олимпиадаи II байналмилалии интернетӣ аз фанни химия баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 5 нафар донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари 540 донишҷӯ аз 76 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз 23 кишвари хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Беларус,...
Тавре иттилоъ дода будем, бо ибтикори роҳбарияти ДМТ дар донишгоҳ Озмуни умумидонишгоҳӣ аз рӯйи китоби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Нақши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” бахшида ба 75 солагии ДМТ роҳандозӣ гардида буд. Имрӯз дар чорабинии танданавӣ бахшида ба Рӯзи Презитентғолибон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Гуфта шуд, ки озмун...
Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16.11.2023 дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба Пешвои маорифпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ...
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба Рӯзи Президент ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихӣ Устодон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз ин фурсатимуносиб Шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонтабрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию...
15 ноябри соли 2023 дар Тетари давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон соҳиби “Шоҳҷоиза”-и озмуни мазкур дар соли 2023 Шукронаи Тоҳирӣ-донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дониста шуд. Дар маросими тантанавӣ муовини Саварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода,...

Эълонҳо