• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 34
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “Дарҳои кушода”-ро пеш гирифт. Дар доираи ин сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат ва бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин самти муносибатҳои...
Имрӯз (29.06.2024) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷаласа ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ...
Дар доираи ҳамкориҳо имрӯз (28.06.2024) мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо - Раиси Кумитаи дӯстии Парламенти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кумитаи мазкур баргузор гард. Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушду нумуи ҳамкориҳои густурда ва дӯстонаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ёдовар шуда, доир ба имконияту шароит ва захираҳои ташаккули...
Таҳти ин унвон имрӯз (25.06.2024) дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назарияӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, устодону кормандон ва меҳмонон баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода доир гардид. Зимнан қайд шуд, ки раванди...
(бардоштҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар) Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30.05.2024 дар маҷмааи “Кохи...
Ҳадаф аз ташрифи директори идоракунии департаменти мурофиаи судии Маркази байналмилалии молиявии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Алмат Игенбаев ба  Донишгоҳи миллӣ ва мулоқоти ӯ бо намояндагони Донишгоҳ густариш бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми таълим ва раванди забономӯзӣ дар ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ табодули афкор намуданд.
Дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи «Педагогика ва психологияи тиббӣ» ба роҳ монда шуд. Дар курси мазкур 53 нафар омӯзгорони факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалбгардиданд. Шунавандагоне, ки барномаро таълимиро пурра аз худ намудаанд, бо...
Ҳифзи захираҳои об ва муҳиммияти он барои ҷомеаи ҷаҳон Суръати ҳаводис ва падидаҳои ҷаҳонишавӣ ба рамз ҷараёни пуршиддат, пурталотум ва хурушони рӯдҳои кӯҳистонро мемонад, ки барои инсоният ҳам судҳо фаровон дорад ва ҳам зиён. Воқеият аст, ки дар чанд даҳсолаи охир ҷомеаи инсонӣ ба проблемаҳое мувоҷеҳ шуд, ки онҳо рӯ ба афзоиш доранд.
Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш дар мамлакат заминаи воқеӣ ва устувореро гузошт. Пешравӣ ва дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони муваффақи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, барои миллати тоҷик беназир аст. Бешак, дар саргаҳи ҳамаи ин дастовардҳо ташаббус ва сиёсати варзишпарваронае меистад, ки мардуми шарафманди тоҷик онро ба номи Сарвари оқили худ - Асосгузори сулҳу ваҳдати...
Имрӯз (19.06.2024) дар доираи сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ» доир гардид. Дар ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи нишаст суханрониҳо намуданд. Ҳамоиш бо...

Эълонҳо